Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Республика" сар намефарорад


Як нашрияи мухолифини Қазоқистон имрӯз ҳушдор дод, ки бо вуҷуди фишорҳои афзоянда аз ҷониби мақомот ба чопи шумораҳои нави худ идома медиҳад. Нашрияи “Республика”, ки аз ҷониби як бонки маҳаллӣ барои чопи маълумоти аз ҳақиқат дур муттаҳам ва шумораҳои нави он аз фурӯш боздошта шуда коргоҳи чопхонаи он мавриди тафтиш қарор гирифтааст, мегӯяд, ба фишорҳои мақомот сар нахоҳад фаровард. Ҳолати дар атрофи нашрия баамаломада боиси нигаронии САҲА шудааст, ки қарор аст аз январи соли оянда раҳбарии онро Қазоқистон бар ӯҳда бигирад. Гурӯҳҳои мудофеи озодии баён борҳо тасмими ба Қазоқистон вогузор шудани масъулияти раҳбарии давраии ин созмони демократиро ба боди танқид кашидаанд.
XS
SM
MD
LG