Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури нахустини Эҳуд Олмерт дар додгоҳ


Эҳуд Олмерт, нахуствазири пешини Исроил имрӯз дар баробари додгоҳ барои иттиҳоми ришвату фасод ҷавоб хоҳад дод. Худи оқои Олмерт, ки барои нахустин бор дар як додгоҳи ҳозир мешавад, гуфтааст, ки ҳатман бегуноҳии худро собит хоҳад кард:

“Ҳолати пешомада барои ман чандон осон нест. Дар давоми се соли охир ман бо чанд тафтиши ғайриинсонӣ ва тӯҳматҳо рӯбарӯ шудам. Аслан ман як қимати гаронро пардохт кардам. Ҳоло вақти далел ва танҳо далел расидааст. Ман ин ҷо ҳамчун як инсони бегуноҳ омадам ва бовар дорам, ки ба унвони як шахси бегуноҳ ин ҷоро тарк хоҳам кард”.

Иттиҳомоти зидди Олмерт ба давраҳои пеш аз соли 2006 замони раҳбарии кишвар рост меояд, ки он вақтҳо ӯ дар мақомҳои мири Байтулмуқаддас ва ҳам вазири тиҷорату саноат кор кардааст. Ӯро дар гирифтани пора аз як соҳибкори амрикоӣ ва ҳам пардохти аз ҳад беши харҷи сафарҳои хориҷиаш муттаҳам мекунанд. Ӯ таҳти фишори ин иттиҳомот маҷбур шуд сентябри соли гузашта ба истеъфо равад, вале то моҳи март то замони интихобшавии раҳбари нави ҳукумати Исроил Бенямин Нетаняҳу вазифаи нахуствазириро иҷро кардааст.
XS
SM
MD
LG