Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳилларӣ Клинтон


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаҳорчуби нишасти Маҷмаи умумии СММ бо котиби давлатии Амрико Ҳилларӣ Клинтон мулоқот кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии раёсатҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар бахшҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Котиби давлатии Амрико зимни ин дидор барои дастгирӣ ва саҳми Тоҷикистон дар раванди истиқрори сулҳ ва субот дар Афғонистон изҳори сипос кард. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар навбати худ рушди ҳамкориҳо бо Амрикоро аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон номид.

Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳилларӣ Клинтон ҳамчунин дар мавзӯъҳои ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои иқтисод ва энержӣ, азҷумла масъалаи бунёди бозори минтақавии энержӣ, рушди коммуникатсия ва нақлиёт дар минтақа ва инчунин масъалаи барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон гуфтугӯ карданд.

Қаблан президенти Тоҷикистон дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кард ва дигарбора зарурати бунёди нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ дар Тоҷикистонро таъкид намуд.
XS
SM
MD
LG