Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти нави "Бистгона" дар Питсбург


Шоми панҷшанбе дар шаҳри Питсбурги Иёлоти Муттаҳида нишасти раҳбарони 20 кишвари нерӯманди олам ифтитоҳ хоҳад ёфт.

Моҳи ноябри гузашта раҳбарони кишварҳои сарватманд ваъда дода буданд, ки ба бунёди монеаҳои нави тиҷорат роҳ нахоҳанд дод. Моҳи апрел дар Лондон онҳо гуфта буданд, ки аз такрори хатоҳои таърихии шабеҳи протектсионизм, яъне ҳимоят аз тавлидоти дохилӣ ҷилавгирӣ мекунанд.

Аммо дар як гузорише, ки дар арафаи кушоиши нишасти раҳбарони 20 кишвари сарватманди олам интишор шуд, омадааст, ки кишварҳои узви ин гурӯҳ аз муҳофизакорони маъруф ба шумор мераванд.

Профессори Донишгоҳи Сант Галени Швейтсария Саймон Эвенет мегӯяд, ҳар се рӯз як дафъа кишварҳои узви бистгона ваъдаҳои дар моҳи ноябр ва сипас дар Лондон додаашонро нодида мегиранд.

Профессор Эвенет меафзояд: "Бо шурӯи ин бӯҳрон иштиҳои протексионизми ширкатҳо низ афзоиш ёфт, онҳо аз давлатҳояшон ҳимоят ва ё пуштибонии молӣ дархост намуда, ба гирифтани он муваффақ шуданд. Ман тахмин мекунам, ки дар ҳоли ҳозир то кадом ҳад кишварҳои зуви бистгонаи бузург ва ё G-20 аз иҷрои ин дархост худдорӣ карда метавонанд."

Дар гузориши гурӯҳи нозири GLOBAL TRADE ALERT , яъне Гӯшбазанги Тиҷорати ҷаҳонӣ таъкид шудааст, ки дар ҳамин авохир бар зидди манфиатҳои ширкатҳои хориҷӣ ҳадди ақал 190 чорабинӣ раҳандозӣ шуд. Аз ин байн 120 чорабинӣ дар кишварҳои узви гурӯҳи 20 гардидааст.

Барои мисол чанд рӯз ИМА эълон кард, ки таъоруфаҳои чархҳои ворида аз Чинро боло мебарад. Дар ҷавоб Чин иброз дошт, ки воридоти гӯшти мурғ аз ИМА-ро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад.

Профессор Эвенет Русия ва Украинаро дар қатори протексионистони ёд мекунад: "Русия беш аз ҳама бештар чораҳои табъизӣ ва ё ба истилоҳ ҳимоятӣ андешидааст: ҷамъан 20-то. Украина чораҳои дифоие, ҷорӣ кардааст, ки 60% тамоми тиҷораташро зери таъсир қарор медиҳад. Вале аз ҳисоби ҳифзи бахшҳои хоҷагӣ Алҷазоир дар ҷои аввал аст. Вале чораҳои протексионистии Чин беш аз ҳама ба кишварҳои дигар... ба 163 кишвар таъсири манфӣ расондаанд."

Албатта, додани ваъда дар нишастҳои байналмилалӣ як чиз асту зери фишор даст задан ба чораҳои ҳифзкунандаи ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар ва дифоъ аз истеҳсолкунандагони ватанӣ чизи дигаре.

Коршинос ба хотир меорад, ки солҳои сиюми асри гузашта вақте олам бо бӯҳрон ё худ депрессияи бузург мувоҷеҳ буд, кишварҳо ҳимояти бозорҳои дохилиро таҳким бахшида, боиси боз ҳам амиқтар гаштани бӯҳрон шуда буданд.

Ҳоло вазъ ба он ҳад даҳшатнок нест ва ширкаткунандагони нишасти Питсбург низ зоҳиран бар муқобили ҳимояти бозорҳои дохилӣ садо баланд мекунанд, вале ба қавли профессор Эвенет дар кишварҳои гуногуни олам 130 чорабинии муҳофизаткунандаи бозорҳои дохилӣ таҳия шуда, мунтазири тасвибу иҷро мебошанд.
XS
SM
MD
LG