Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори раҳбарони қабилаҳо дар Покистон


Полис мегӯяд, ки ҷангиёни Толибон дар минтақаи шимолуғарби Покистон дасти кам шаш нафар, аз ҷумла чанд раҳбари қабилаҳои маҳаллиро ба ҳалокат расонданд. Гурӯҳи мазкур аз вулусволии Бану убур мекард, ки мавриди ҳамлаи Толибон қарор гирифт. Ин афрод дар амалиёти зиддитолибони ҳукумати Покистон ҳамкории фаъоле нишон додааст. Вулусволии Бану ба минтақаи қабиланишини Вазиристони Шимолӣ, ки баъди шурӯи амалиёти зиддишӯришиён дар соли 2001 ба паноҳгоҳи ҷангиёни Толибон ва Ал-Қоида табдил шудааст, наздик аст.
XS
SM
MD
LG