Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номуассирии фаъолияти Омбудсмен дар Тоҷикистон


Иштирокдорони як мизи гирд дар мавзӯи «Мурофиаҳои додгоҳӣ ва тақвияти дафтари Омбудсмен дар Тоҷикистон» ахиран дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро номуаасир хонданд. Ба гуфтаи онҳо, агарчи аз оғози фаъолияти ин ниҳод беш аз 4 моҳ сипарӣ мешавад, вале ба ҳалли ягон мушкили доғи таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ва ҷомеа даст наёфтааст.

Нуриддин Маҳкамов, як соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд, гуфт, аз ҷумлаи он нафаронест, ки ба Омбудсмени Тоҷикистон барои ҳалли мушкили ҳуқуқии худ муроҷиат кард, вале аз он ҷониб кӯмаке нарасид: «Як мансабдор шартномаи тиҷоратиамонро дар бораи ворид кардани пашмро қариб се сол иҷро накарда, моро хеле сарсон мекунад. Ман ба додгоҳ арз кардам. Додгоҳ масъаларо ба нафъи ман ҳал карда, ба додситонӣ муроҷиат кард, ки нисбат ба аъмоли он мансабдор парвандаи ҷиноятӣ боз кунад. Ҳамин тавр, баъди баррасӣ парванда аз додситонӣ ба додгоҳ равон карда шуд. Аммо пеш аз бозбинии додгоҳӣ бо талаби Додситонии кулл он парванда, ба далели ин ки он шахси мансабдор айб надоштааст, қатъ карда шуд. Ман дар бораи ҳалли ин мушкил як сол пеш ба Маҷлиси намояндагон шикоятнома равон карда будам, парлумон онро барои баррасӣ ба Омбудсмен супурдааст.»

Нуридин Маҳкамов афзуд, ҷавобе, ки аз Омбудсмен ду моҳ пеш ба вай дар бораи ҳалли мушкилаш расид, ӯро қаноатманд намекунад : «Омбудсмен ба ман навишт, ки мактубамро ба Додситонии кулл фиристодааст ва дар он ҷо мушкиламро ҳал карда, ба ман ҷавоб мегардонанд. Яъне, ҳамон идорае, ки корро ба зарари ман ҳал карда буд. Акнун аз он ҷо чӣ ҷавоб мегардонанд ? Боз бо ду сухан мегӯянд, ки мо парвандаро қатъ кардем, ба сабаби набудани унсури ҷиноятӣ дар амали он мансабдор, тамом. Аммо ман мунтазир будам масъалаи поймол шудани ҳуқуқам аз тарафи мансабдорро худи ваколатдори ҳуқуқи инсон дида мебарояд. Афсӯс, ки ин тавр нашуд.»

Матлабшо Сангканов, корманди дафтари ваколатдори оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба ин даъвӣ розӣ нест: «Ӯ аз болои додситонии маҳал ва вилояти Суғд ба мо шикоят кард. Аз ин рӯ, тибқи Қонун дар бораи муроҷиати шаҳрвандон мо онро ба Додситонии кулли Тоҷикистон ирсол намудем. Агар шикоят аз болои худи Додситонии кул мебуд, масъала ранги дигар мегирифт.»

Вай афзуд, даҳҳо чунин номаҳо дар бораи нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон ба онҳо расидааст ва ба ҳар кадоми онҳо расидагӣ хоҳанд кард. Ба гуфтаи вай, кормандони ниҳоди ваколатдори оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, иборат аз 20 нафар, танҳо дар аввали моҳи сентябр, яъне, баъди се моҳи фаъолияти Омбудсмен таъин гаштанд ва бозбинии шикоятҳо ба таъхир афтод.

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал–демократии Тоҷикистон ва раҳбари созмони «Консортсиуми ҳуқуқӣ»: «Омбудсмен ваколатҳои зиёд дорад. Вале оид ба қабули қарору санадҳо ваколатҳои ҳатмӣ надорад. Бояд ваколатдори оид ба ҳуқуқи инсон дар мавриди ҳалли мушкилот ва масъалаҳое, ки ба вай дахл дорад, ҳуқуқи қарори ҳатмӣ қабул кардан дошта бошад. Вале имрӯз ҳама қарору пешниҳодҳои Омбудсмен хусусияти тавсиявӣ дорад»

Бархе аз ҳуқуқшиносони Суғд, мисли Файзинисо Воҳидова ва Бахтиёр Насруллоев бар онанд, ки ниҳоди ваколатдори оид ба ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ҳанӯз як дастгоҳи аз нигоҳи илмӣ нерӯманд надорад, ки вазъро таҳлил ва барои ислоҳи он ба давлату парлумон ва ҳукумат пешниҳодҳои чорасоз ироа намояд. Ба назари ин коршиносон, агар ин вазъ ислоҳ наёбад, Омбудсмен дар Тоҷикистон бо чораҷӯиҳои тавсиявии худ ба мисли як зерниҳоди вобаста ба тасмимҳои раисҷумҳур ва мақомот боқӣ ва дар ҳалли мушкилоти умдаи ҳуқуқии ҷомеа оҷиз хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG