Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар СММ


Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз минбари Созмони Милали Муттаҳид дигарбора ба зарурати бунёди нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ дар кишвар таъкид кард. Вай гуфт, обёрии нодуруст ва ифтитоҳи заминҳои бисёри кишт, дар минтақа, ки зоҳиран ишорае ба Ӯзбакистон аст, сабаби норасоии об дар Осиёи Марказӣ шудааст. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, бунёди нерӯгоҳҳои нав дар минтақа ба манфиати кор хоҳад буд. Дирӯз дар як нишасти дигаре намояндаи Ӯзбакистон дар Созмони Милал гуфт, Тоҷикистону Қирғизистон набояд бе ташхиси байналмилалии нерӯгоҳҳои барқии обии Роғун ва Тухтагулро бунёд кунанд, ки ин иддаъои Ӯзбакистон ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистонро асабонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG