Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушбинии дабири кулли СММ аз ...


Бан Ги Мун – дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид бо арзёбии хушбинонае аз ҳамоиши сарони кишварҳои ҷаҳон дар мавриди тағйири иқлим гуфт, бовар дорад, ки “лаҳзаи сарнавиштсози сиёсӣ” ба самти имзои аҳдномаи байналмилалӣ ҷиҳати муқобила бо гармоиши курраи Замин ҳаракат мекунад. Бан Ги Мун гуфт, ҳарчанд дар ҳамоиши байналмилалӣ, ки дар он сарони 100 кишвар ҳузур доштанд, ризоияти умум барои имзои аҳднома ҳосил нашуд, аммо кишварҳои сарватманд ва дар ҳоли рушд барои имзои ин аҳднома наздиктар шуданд. Интизор меравад, аҳдномаи байналмилалии нав барои муқобила бо гармоиши курраи Замин моҳи декабр дар шаҳри Копенгаген имзо шавад. Рӯзи сешанбе Амрико ва Чин ду бузургтарин олудакунандаи ҳаво ваъда доданд, ки барои коҳиши газҳои гӯлхонаӣ иқдомоти нав меандешанд, аммо ваъдаи мушаххасе дар ин замина надоданд.
XS
SM
MD
LG