Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳиб Усаров дар Маскав муштзанӣ хоҳад кард


Муштзани тоҷик Соҳиб Усаров рӯзи 2 октябр дар Маскав барои дарёфти унвони қаҳрамони бокси Аврупо дар вазни сабуки то 53,5 кило дар чаҳорчӯби Созмони ҷаҳонии бокс, ё худ WBO, бо муштзани рус Александр Фёдоров рақобат хоҳад кард. Соҳиб Усаров, ки дар бокси касбӣ аз Русия намояндагӣ мекунад, собиқаи тӯлонии бозӣ дар бокси ғайрикасбиро дошта, соли 2003 дар ҳайъати тими миллии Тоҷикистон ба даври чаҳорякниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфтааст.
Соҳиб Усаров дар бокси касбӣ дар 12 рақобат ширкат варзида, дар ҳамааш баранда шудааст.
XS
SM
MD
LG