Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди "муомилаи олӣ" бо Пхенян


Лии Мюнг Бак – раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ гуфт, барои азсаргирии музокирот дар мавриди барномаҳои атомии Куриёи Шимолӣ ба гуфтаи худаш “муомилаи олие” пешниҳод мекунад. Хабаргузории давлатии “Йонҳап” мегӯяд, пешниҳоди мазкур ба Куриёи Шимолӣ дар ивази даст кашидан аз барномаҳои сохти бомби атомӣ имтиёзҳои иқтисодиву сиёсӣ ва ҳамчунин замонатҳои амниятӣ медиҳад. Аммо бар хилофи гузашта, Ли Мюнг Бак аз Куриёи Шимолӣ хостааст, на марҳила ба марҳила, балки ба якборагӣ аз тамоми барномаҳои сохти бомби атомӣ даст кашад. Бино ба гузоришҳо, Ким Йонг Ил – раҳбари Куриёи Шимолӣ, мойил будааст, то барои дигарбора пайвастан ба музокироти шашҷониба дар мавриди барномаҳои атомиаш “гуфтӯгуҳои дуҷониба ва бисёрҷониба” анҷом бидиҳад. Куриёи Шимолӣ аз музокироти шашҷониба дар аввали соли равон хориҷ шуд ва ба сабаби он ки ҷомеаи байналмилал озмоиши мушакӣ дар ин кишварро маҳкум намуд.
XS
SM
MD
LG