Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон дар иҷлоси Маҷмаи Умуии СММ ширкат мекунад


22-юми сентябр Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар 64-ӯмин иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ дар Нию Йорк ширкат мекунад. Қарор аст, дар чаҳорчӯбаи ин иҷлос раҳбарони кишварҳо ва созмонҳои мухталиф масъалаҳои марбут ба тағири иқлим дар сайораро баррасӣ кунанд. Ҳадафи ин иҷлос таҳияи санади ниҳоӣ дар бораи тағири иқлим аст. Ин санад моҳи декабри соли ҷорӣ дар конфронси СММ дар Копенгаген баррасӣ мешавад. Интизор меравад, ки дар Нию Йорк раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ин иҷлос бо намояндагони кишварҳои мухталиф гуфтугӯҳои дуҷониба низ анҷом диҳад. Раиси ҷумҳури Амрико ва соири раҳбарони ҷаҳон дар ин иҷлос ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG