Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ҳашт посдори сулҳи Африқо


Бар асари ду бомбгузории интиҳорӣ, дар назди фурудгоҳи Муқадишу пойтахти Сомалӣ дасти кам ҳашт тан аз посдорони сулҳи Африқо кушта шудаанд. Ду мошини бомбгузоришуда, ки нишонаҳои Созмони Милалро доштаанд, дар даромадгоҳи пойгоҳе мунфаҷир шудааст, ки панҷ ҳазор сарбоз дар он таҳти раҳбарии нерӯҳои Бурундӣ ва Уганда хидмат мекунанд. Артиши Уганда мегӯяд, дар байни қурбониён муовини фармондеҳи нерӯҳои Иттиҳодияи Африқо ҳам будааст. Фармондеҳи нерӯҳо генерали угандоӣ Натан Муқиша дар ин бомбгузорӣ ҷароҳат бардоштааст. Сухангӯи гурӯҳи тундрави исломии “Ал Шабоб” гуфт, ҳамла ниқоре барои Салоҳ Алӣ Салоҳ Набҳон як узви фаъоли ин созмон будааст, ки рӯзи душанбе дар як амалиётъи махсуси нерӯҳои амрикоӣ кушта шуд.
XS
SM
MD
LG