Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи модарони амрикоӣ ба Аҳмадинажод


Модарони Шейн Баэр, Сара Шоурд ва Ҷош Фаттал – се кӯҳнаварди амрикоӣ, ки чанде пеш дар Эрон боздошт шуданд, бо ирсоли номае ба Маҳмуди Аҳмадинажод тақозо карданд, ки фарзандони онҳоро ҳамроҳаш ба Ню-Йорк биёрад.

Президенти Эрон қарор аст ҳафтаи оянда дар кори 64-ум маҷмаи кулии СММ иштирок кунад. Ин ҷавонҳо ҳанӯз 31-уми июл аз ҷониби мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ ҳангоми убури марзи ишораношудаи миёни Эрону Курдистони Ироқ боздошт шуда, то ҳанӯз аз ҷониби мақомоти интизомии ин кишвар нигаҳдорӣ мешаванд. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Лаура Фаттал, модари Ҷош Фаттал дар бораи тафсилоти номаи дастаҷамъонаи модарони ин кӯҳнавардон маълумот дод. Вай гуфт, ба афву бахшиши гуноҳи бачаҳову бархӯрди дӯстона аз ҷониби оқои Аҳмадинажод умед мебандад.

Дар муддати 50 рӯзи боздошти кӯҳнавардон то ҳанӯз наздикони онҳо имкон надоштанд бо азизони боздоштшудаашон сӯҳбати телефонӣ анҷом диҳанд. Вале роҷеъ ба ҳолу аҳволи онҳову шароити буду бошашон чӣ маълумот дар даст аст, пурсида шуд аз Лаура Фаттал. Вай гуфт:
“Мутаассифона мо ҳеҷ хабаре роҷеъ ба маҳалли нигаҳдории онҳо надорем. Ҳар рӯз мо нигарони вазъи онҳо ҳастем. Умедворам, ки онҳо гурусна нестанду шустушӯ карда метавонанд, онҳо ҷои хоби хуб доранду вазъи саломатиашон ҳам хуб аст. Вале мо ҳамеша дар ташвиш ҳастем ва ҳеҷ ҳарфи наве дар бораашон намедонем. Мо то ҳол бо онҳо сӯҳбат ҳам накардему ҳатто консулгарии Швейтсария ҳам, ки аз умури ИМА дар Эрон намояндагӣ мекунад, иҷозаи мулоқот бо онҳоро нагирифтааст. Вазорати хориҷаи Амрико аз наздик бо ҳукумати Швейтсария ҳамкорӣ мекунад ва ҳукумати Швейтсария, ба ҳайси як ҷониби ҳимоякунанда муттасил бо мақомоти эронӣ мулоқот карда роҳҳои дастрасӣ ба бачаҳоро ҷустуҷӯ дорад”.

Бархе мақомоти эронӣ мегӯянд, ин се кӯҳнаварди ҷавон эҳтимолан ҷосус ҳастанд ва мехостанд зери пардаи ҷаҳонгардону варзишкорон вориди хоки Эрон шаванд. Ин ҳадсу гумонҳоро хонум Фаттал рад кард ва гуфт:
“Фарзандони мо барои вуруди ғайриқонунӣ ба хоки Эрон муттаҳам мешаванд. Ҷош, Шейн ва Сара эҳтироми фавқулодда баландро ба фарҳанг, ҷомеа ва мазҳабҳои дигар қоил ҳастанд. Онҳо нияти ба Эрон рафтанро надоштанд”.

Ҷош Фаттал як омӯзгор аст, ки ба донишҷӯёни хориҷӣ дарс гуфта соли ҷорӣ аз Швейсарияву Ҳинд, Чину Африқои Ҷанубӣ бо ҳадафи мулоқоту кор бо донишомӯзон дидан кардааст. Дар Аврупо тобистони имсол вай бо бародару падараш мулоқот карда буд. Баъди он вай ба Сурия барои дидори дӯстонаш Шейну Сара сафар кард. Онҳо солҳои охир дар Димишқ зиндагӣ мекунанд. Сафари ин дӯстон ба Курдистони Ироқ як ҳафтаро дар назар мегирифт. Лаура Фаттал мегӯяд, онҳо фақат бо ҳадафи дар як макони назар ба Димишқ сардтар гузарондани чанд рӯзи тобистони гарм сафарро ба Курдистон интихоб карданд.

Ҳоло ӯ мегӯяд, ба як иқдоми саховатманду хайрхоҳонаи Маҳмуди Аҳмадинажод умед мебандад, то ки ӯ дар рӯзи ифтитоҳи кори маҷмаи кулли СММ, як созмони башардӯстонаву сулҳхоҳ - ҳамчун раҳбари як кишвар ва падар фарзандони онҳоро ба оилаҳояшон баргардонад.
XS
SM
MD
LG