Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 низомии рус дар роҳи Данғара


Баъд аз зӯҳри сешанбе дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Данғара 5 нафар аз афсарону сарбозон ва ходимони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ҳалок шуданд. Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, як мошини сохти чиноӣ, ки ба ширкати низ чиноии “Чайна Роуд” тааллуқ дошт, ба як мошини КАМАЗ, ки ҳомили маъмурони пойгоҳи низомии Русия буд, бархӯрд ва дар натиҷа 5 нафар ҳалок шуданд.
Оқои Асадуллоев афзуд, ки дар ин сониҳа 5 афсару аскари дигари пойгоҳи низомии Русия ҷароҳатҳои вазнин бардошта, ба бемористони шаҳри Норак бурда шуданд.
Гуфта мешавад, ин низомиён дар маркази назорати кайҳонии мавсум ба “Окно” хидмат мекарданд.
XS
SM
MD
LG