Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррозо дубора раиси Комиссиюни Аврупо интихоб шуд


Жозе Мануэл Баррозо дубора дар мақоми раиси Комиссиюни Аврупо интихоб шуд. Аз номзадии ӯ аксари вакилони Парлумони Аврупо, асосан намояндагони фраксияҳои рост ва марказгаро пуштибонӣ карданд. Аз ин пеш раҳбарони ҳамаи 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо барои дар курсии ин ниҳоди иҷроияи Иттиҳодия боқӣ мондани Баррозо розӣ шуда буданд. Сиёсатмадор аз Португалия аз соли 2004 ба ин сӯ сарварии Комиссиюни Аврупоро бар дӯш дорад.
XS
SM
MD
LG