Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари садамаи як "КамАЗ"-и низомии Русия бо як мошини сохти чиноӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Данғара 5 нафар кушта ва 6 тан захмӣ шудаанд.

Бархӯрди "КамАЗ" бо автобуси хурди мусофирбар шоми 15-уми сентябр дар наздикии шаҳри Норак, дар 70-километрии ҷанубу шарқи Душанбе ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба гуфтаи дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, "КамАЗ" ба Душанбе равон буд. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ин ниҳод ба Озодӣ гуфт, аз рӯи тадқиқоти аввалия садама бо ҷурми ронандаи 21-солаи мошини чиноӣ, ки ба як ширкати чиноӣ тааллуқ доштааст, рух додааст. Ронанда Файзалӣ Маҳмадёров ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Данғара бехатарии ҳаракатро таъмин накарда, ба КамАЗ бархӯрдааст ва дар натиҷа ҳар ду василаи нақлия чаппа шудаанд.

Ронандаи КамАЗ Қурбоналӣ Ғафуров, соли таваллудаш 1961, сарбозони қатории нерӯҳои кайҳонии Русия Фирӯз Ҳасанов, Саид Зарифов, Давлаталӣ Мусофиров ва подполковники ин қисм Павел Кулаковский дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд.

Ронандаи мошини боркаши чиноӣ ва панҷ мусофири дигари КамАЗ бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи Норак бурда шудаанд.

Масъулони Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон феълан ҳодисаро тафтиш мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG