Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти пасипардагӣ сари пойгоҳи 201


Тафсилоти мулоқотҳои вазири дифои Русия дар Тоҷикистон аз ҳарду ҷониб то ба ҳол пӯшида дошта мешавад.

Ҳарду ҷониб - ҳам мақомоти Тоҷикистон ва ҳам сафорати Русия дар Душанбе - аз сӯҳбат дар ин мавзӯъ даст кашиданд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ки ин кори вазорати дифоъ аст ва дар маркази матбуотии ин вазорат умуман мулоқот дар ин бораро рад карданд.

Қабл аз ин мулоқотҳо хабаргузориҳои русӣ навиштанд, ки Тоҷикистон аз Русия тағйири шумораи сарбозу афсар, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, маҳалли истиқрори пойгоҳи 201 ва ҳаққи солонаи иҷорапулии онро тақозо кардааст.

Ҳамчунин расонаҳо навиштанд, ки ин шартҳои Тоҷикистон бознигарии ду созишномаи байниҳукуматӣ миёни ин кишварҳо дар бораи шароити ҳуқуқии ҳузури пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистонро тақозо ва эҳтимоли тағйири онро яқин мекунад.

Тибқи ин манбаъ, ҷониби Тоҷикистон тақозо кардааст, ки аз 7 то 8 ҳазори имрӯз қариби нисфи теъдоди сарбозон, силоҳу муҳимоти пойгоҳ ва маҳалли истиқрори пойгоҳ, ки 143 гектарро ташкил медиҳад, ихтисор карда шаванд ...
Як манбаи наздик ба ҳукумат гуфт, Тоҷикистон мехоҳад барои будубоши ҷузву томҳои пойгоҳи низомии 201 дар Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Душанбе беш аз 300 миллион доллар иҷорапулӣ гирад. Тибқи ин манбаъ, ҷониби Тоҷикистон тақозо кардааст, ки аз 7 то 8 ҳазори имрӯз қариб нисфи теъдоди сарбозон, силоҳу муҳимоти пойгоҳ ва маҳалли истиқрори пойгоҳ, ки 143 гектарро ташкил медиҳад, ихтисор карда шаванд.

Ин суоле халқ мешавад, ки оё заминаҳо барои ҳамчунин талабот то куҷо ҳамвор шудаанд ва аз ин муомила кӣ бурд ва кӣ зиён мекунад? Зеро қаблан Русия эълом дошта буд, ки таҳсили низомиёни тоҷик пулакӣ ва силоҳи бепули русиро барои Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ нархгузорӣ хоҳад кард.

Амруллоҳи Собир, коршинос дар умури амниятӣ, мегӯяд, Тоҷикистон пас аз густариши равобит бо Амрико, Чин ва Эрон ҳамчунин талаботро пеш мегузорад. Вай афзуд, аммо ин ба нафъи ягон тараф, қабл аз ҳама Тоҷикистон буда наметавонад.

Оқои Собиров афзуд, 1,5 миллион тоҷик дар Русия кор ва солона расман, 2 то 3 ва ғайрирасмӣ, то 5 миллард доллар маблағ ворид мекунанд, ки беш аз нисфи ММД-и кишварро ташкил медиҳад ва аз ягон кишвар Тоҷикистон ин қадар суд намебинад. Вай афзуд, пойгоҳи низомии 201–и Русия барои амнияти минтақаву ИДМ нақши калидӣ дорад.

Иддае дигар аз коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон ба хотири амният ва истиқлолияти кишвар барои пеш гузоштани ин талабот ҳақ дорад. Онҳо мегӯянд, теъдоди назарраси нерӯҳои рус дар Тоҷикистон воқеан истиқлоли кишварро таҳти суол мебаранд.

Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, райиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, маблағе, ки аз иҷорапулӣ ба даст меояд барои сохтмони Роғун истифода мешавад.

Ба ҳамин минвол, иттифоқи назар рӯйи тасмими Тоҷикистон дар мавриди пулакӣ кардани ҳузури пойгоҳи низомии Русия вуҷуд надорад. Аммо иддае аз коршиносон бар онанд, ки ин вазъ шояд як муомилае дар сатҳи афроди баландпояи ду давлат бошад.
XS
SM
MD
LG