Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаққи “худмудофиа” ба маҳбусони Афғонистон


Тибқи хабарҳо, Вазорати дифоъи ИМА ба татбиқи барномае шурӯъ мекунад, ки сарнавишти садҳо боздоштшудагон дар маҳбасҳои низомии амрикоӣ дар Афғонистонро рушан хоҳад кард.

Муқаррароти нав, ки аз сӯи ҳукумати Барак Обама таҳия шудааст, ба беш аз 600 гумонбари узвият ба ҷунбиши «Толибон» ва шабакаи «Ал-Қоида» – боздоштшудагони маҳбасҳои амрикоӣ дар Афғонистон имкон медиҳад, ки ба собит шудани ҷурм ё бегуноҳии худ умедвор бошанд.
Дар ҳоле, ки дар кишвар системи мустақили додгоҳӣ амал мекунад, ҳукумати Амрико ва ё хориҷии дигар ҳақ надорад, ки шаҳрвандонро ҳабс кунад ва муддати номуайян дар ҳабс нигаҳ дорад...

Ин санад барои пойгоҳи низомии амрикоӣ дар Багром, воқеъ дар шимоли Кобул, дар пайи он таҳия шудааст, ки ҳукумати Барак Обама талоши бознигарии шеваи рафтор нисбати маҳбусон дар замони Ҷорҷ Бушро дорад. Нашрияҳои «Вошингтон пост» ва «Ню Йорк Таймс» ҳанӯз миёнаҳои моҳи июл дар бораи бархе ҷузъиёти муқаррарот хабар доданд ва гуфтанд, ки он бояд тайи 60 рӯз мавриди баррасии Конгресс қарор бигирад. Интизор меравад, ки санад ҳамин ҳафта расман интишор шавад.

Сом Зиё Зарифӣ, раиси бахши созмони Amnesty International ва ё Афви Байнулмилал дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мегӯяд, ки шеваи рафтор дар маҳбасҳо дар замони Ҷорҷ Буш дар роҳи талошҳои ҷомеъаи байнулмилалӣ барои таъмини волояти қонун дар Афғонистон монеъа эҷод мекард.

Ба гуфтаи ӯ, «даъвати расидагӣ аз ҳукумати Барак Обама ба мушкили маҳбаси Багром аз сӯи генерал-майор Дуглас Стоун ироа шудааст. Ин низомии воломақом мутмаин аст, ки набудани сохтори ҳуқуқӣ дар Багром волояти қонун дар Афғонистонро зери суол мебарад ва боиси хашми афғонҳо мешавад.»

Ва ин. меафзояд Сом Зиё Зарифӣ, хилофи он аҳдофест, ки ҳукумати Афғонистон ва ҳампаймонҳояш, ба вижа, ИМА пайгирӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, тибқи тарҳи нав мансабдорони низомии амрикоӣ намояндагони ҳар яке аз боздоштшудагони Багром таъин мешаванд. Ба ҳамаи боздоштшудаҳо имкон фароҳам мешавад, ки қазияашон аз сӯи Шӯроҳои бозрасии тозатаъсис баррасӣ гардад.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки онҳо аз ҳама гомҳо дар робита ба таъмини хадамоти ҳуқуқӣ ва дифоъ аз маҳбусони Багром пуштибонӣ мекунанд. Ва аммо ба гуфтаи Сом Зиё Зарифӣ, Афви байнулмилал ба муваффақ шудани Шӯроҳои бозрасӣ бо шубҳа менигарад.

Ӯ меафзояд, ки аз ҳуқуқҳои маҳбусону боздошшудагон на низомиёни амрикоӣ, балки бояд вакилони мудофеъ ҳимоят кунанд. «Мо дидем, ки маъмурияти Буш талош кард дар Гуантанамо чизе монанди шӯрои бозрасии маъмурӣ ташкил кунад. Ва аммо додгоҳ ин иқдомро нокомил хонд. Ва воқеъан ҳам ин иқдом он қадар хуб татбиқ нашуд. Ҳамин тариқ, беҳтарин роҳ он аст, ки агар аз боздоштшудагон вакилони мудофеъ намояндагӣ кунанд».

Амр дар бораи таъсиси шӯроҳои бозрасӣ дар Багром моҳи июл аз сӯи муовини вазири дифоъи Амрико Вилям Линн имзо шуда буд. Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс иттилоъ медиҳад, ки бархе аз афсарон, ки қаблан дар Афғонистон хизмат кардаанд, аллакай ба шӯроҳои бозрасӣ шомил шудаанд ва баъзе аз боздоштшудагон низ намоядагони инфиродӣ доранд.

Як мақоми Пентагон бидуни ифшои ному насабаш ба Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, ки шӯрои бозрасӣ дар Багром бештар ба он системе шабоҳат дорад, ки дар Ироқ истифода мешуд. Низомиёни амрикоӣ тавассути ин шӯроҳо дар Ироқ то куҷо хатарнок будани боздоштшудаҳо мушаххас мекарданд ва вобаста ба ин онҳоро ё дар маҳбас нигаҳ медоштанд ваё раҳоӣ мебахшиданд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Кобул ҳам аз аз тасмими ироаи хадамоти ҳуқуқӣ ба боздоштшудагони Багром хуш истиқбол карданд. Лаъл Гул, раиси комиссиюни ҳуқуқи башари Афғонистон, ки чандин сол боз барои ба дифоъ аз ҳуқуқи худ дастрасӣ пайдо кардани маҳбусони Багром талош мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз хадамоти ҳуқуқӣ, аз ҷумла, аз ҳимояти вакилони дифоъ ваё пайвандон бархӯрдор набудани гумонбарон – хилофи қавонини байнулмилалӣ ва қавонини Афғонистон аст.

Ӯ мегӯяд, ки бо тақозои вазорати адлияи Афғонистон барои тибқи қавонини кишвар бозрасӣ шудани парвандаҳои боздоштшудаҳои Багром комилан мувофиқ аст.

Ба гуфтаи Лаъл Гул, «дар ҳоле, ки дар кишвар системи мустақили додгоҳӣ амал мекунад, ҳукумати Амрико ва ё хориҷии дигар ҳақ надорад, ки шаҳрвандонро ҳабс кунад ва муддати номуайян дар ҳабс нигаҳ дорад. Мо ин амалҳои амрикоиҳоро дар гузашта ҳам танқид карда будем. Ва мо ин ҳама ҳабсу боздоштҳоро тибқи меъёрҳои ҳуқуқи башар ғайриқонунӣ хонда будем».

Зимнан, худи боздоштшудаҳо ҳам, ки бархеи онҳо шаш сол боз бидуни бозрасӣ дар Багром ба сар мебаранд, аз беэътиноӣ нисбати сарнавишташон хашмгинанд. Масъулини Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурх гуфтанд, ки шурӯъ аз моҳи июл бархе аз боздоштшудаҳо алайҳи риоя нашудани ҳаққу ҳуқуқҳояшон даст ба эътироз задаанд.
XS
SM
MD
LG