Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юкия Амано дар мақоми раиси МАГАТЭ пазируфта шуд


Имрӯз дипломати Ҷопон Юкия Амано дар нишасти Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ (МАГАТЭ) дар Вена дар мақоми раиси ин ниҳоди СММ пазируфта шуд. Дар ин маснад ӯ Муҳаммад Ал-Барадеиро иваз мекунад, ки тайи 12 сол сарварии МАГАТЭ-ро бар ӯҳда дошт.
Шӯрои мудирони Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ моҳи июл дар нишасти пушти дарҳои баста Юкия Аманоро раиси нави МАГАТЭ интихоб карда буд. Аз ин пеш Юкия Амано намояндаи доимии Ҷопон дар назди созмонҳои байнулмилалӣ дар Вена буд. Конфаронси МАГАТЭ дар шаҳри Вена як ҳафта идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG