Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯҳрат Шодиев аз зиндони Узбакистон озод шуд


Шӯҳрат Шодиев, рӯзноманигори тоҷик
Шӯҳрат Шодиев, рӯзноманигори тоҷик

Рӯзноманигори тоҷик Шӯҳрат Шодиев, ки қаблан дар шаҳри Нуқуси Узбакистон аз сӯи кормандони амниятии ин кишвар боздошт шуд, озод гардид.

Рӯзноманигори тоҷик дар асоси эълонномаи афви умум аз сӯи Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, дар робита ба солгарди истиқлолияти ин кишвар озод карда шудааст.

Қазияи боздошти Шӯҳрат Шодиев 6-уми августи соли ҷорӣ ба ҳангоми бозгашти хабарнигори тоҷик аз шаҳри Грознии Чеченистон дар қатори Маскав–Душанбе дар шаҳри Нуқуси Узбакистон сурат гирифта буд.

Мақомоти амниятии Узбакистон сабаби боздошти оқои Шодиевро расман тавзеҳ надодаанд. Ба гуфтаи рӯзноманигори тоҷик, ҳангоми боздошт, бархе аз ашёи ӯ, аз ҷумла чанде аз нашрияҳои чопи Душанбе, як нусха тарҷумаи русии Қуръон ва диску наворҳоеро, ки аз шаҳри Грозний харидорӣ карда буд ва низ як силоҳи пневматикиро, ки фарзанди дӯсташ тӯҳфа кардааст, барои ташхис гирифтаанд.

Шӯҳрат Шодиев, хабарнигори мустақили тоҷик, қаблан дар нашрияи «Азия плюс»-и чопи Душанбе ва оҷонсии «Фергана.ру»-и Русия фаъолият кардааст.
XS
SM
MD
LG