Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми нави раҳбари Ал-Қоида нашр шудааст


Раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лоден зоҳиран навори нави садоияшро нашр кардааст. Ин навор бо номи “Паём ба мардуми Амрико” дар сомонаи интернетие, ки тарафдорони Ал-Қоида истифода мебаранд, ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз солгарди ҳаштуми ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 алайҳи шаҳрҳои Амрико, ки наздики 3000 кушта ба ҷо гузошт, нашр шуд.
Паёми қаблии Бин Лоден моҳи июн нашр шуд ва дар он ӯ раисиҷумҳури Амрико Барак Обамаро қабл аз ироаи паёмаш ба ҷаҳони Ислом дар Қоҳира маҳкум мекард.
Маҳалли паноҳбурдаи Бин Лоден маълум нест, вале коршиносони иктишофӣ мегӯянд, ки ӯ шояд дар манотиқи кӯҳистонии тӯли марзи Афғонистон бо Покистон паноҳ мебарад.
XS
SM
MD
LG