Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти бенатиҷаи Медведев ва Бердимуҳаммадов


Музокироти раҳбарони Туркманистону Русия дар шаҳри Туркманбошӣ дар мавриди таъйини замони мушаххаси оғози дубораи содироти газ аз ин кишвари Осиёи Марказӣ ба Русия бенатиҷа анҷом ёфт. Содироти гази Туркманистон ба Русия аз моҳи апрел, ба дунболи таркиш дар лӯлаи газе, ки аз Осиёи Марказӣ ба Русия мебарад, қатъ шудааст.
Интизор мерафт, ки мушкили бархоста дар мулоқоти Дмитрий Медведев ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳалл шавад. Аммо мушовири Медведев гуфтааст, ки масъала ба зудӣ дар мулоқоти намояндагони ширкатҳои гази ду кишвар баҳс хоҳад шуд. Туркманистон дар таркиши моҳи апрели лӯлаи газ ширкати “Газпром”-и Русияро муттаҳам мекунад.
XS
SM
MD
LG