Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилофоти назари Амрикову Исроил боқист


Бенямин Нетаняҳу – нахуствазири Исроил мегӯяд, миёни кишвараш ва Амрико дар робита ба шароити азсаргирии музокироти сулҳ бо Фаластиниён ихтилофоти назар боқӣ мондааст. Бенямин Нетаняҳу дар ин бора имрӯз дар шаҳри Байтулмуқаддас сухан гуфт ва афзуд, ки умедвор аст, ихтилофоти назари миёни ду тараф бартараф хоҳад шуд. Амрико мехоҳад, Исроил ба бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар қаламравҳои ишғолии фаластинӣ хотима диҳад, чизе, ки Исроил онро то кунун нодида гирифтааст. Бенямин Нетаняҳу имрӯз барои дидору мулоқот бо Ҳуснӣ Муборак – раиси ҷумҳури Миср, ба Қоҳира сафар мекунад ва баъди бозгашт ба ватанаш бо Ҷорҷ Митчелл намояндаи вижаи Амрико дар умури Ховари Миёна мулоқот хоҳад дошт. Маҳмуд Аббос – раиси ҷумҳури Фаластиниён гуфтааст, то замоне, ки Исроил шаҳраксозиро дар сарзаминҳои ишғолӣ бас накунад, музокиротро аз сар нахоҳад гирифт. Ҷорҷ Митчелл умедвор аст, бо миёҷигарӣ мулоқоти Маҳмуд Аббосро ва Бенямин Нетаняҳуро дар ҳафтаи оянда баргузор мекунад.
XS
SM
MD
LG