Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон аз "ояндаи бузургаш" мегӯяд


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов – раиси ҷумҳури Туркманистон зимни баёнияе гуфтааст, кишвараш ҳамчунон дар пайи гуногун кардани роҳҳои содироти газ мебошад. Дар баёнияи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки дар матбуоти Туркманистон чоп шудааст, вай доир ба “ояндаи бузурги” тарҳҳои фурӯши газ ба Чину Покистону Ҳинд аз тариқи Афғонистон ва ҳамчунин тарҳи Набукко сухан гуфтааст, ки аз тарафи Иттиҳодияи Аврупо ҳимоят мешавад. Ба гуфтаи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, кишвараш захираҳои кофии газро дар ихтиёр дорад, ки бар асоси қарордодҳои дарозмуддат мизоҷонашро бо гази табиӣ таъмин кунад. Баёнияи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бахшида ба рӯзи “Кормандони соҳаи газу нафт, нерӯи барқ ва геологҳо” нашр шудааст, ки имрӯз дар Туркманистон таҷлил мешавад.
XS
SM
MD
LG