Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия роҷеъ ба Эрон посухи муштарак мехоҳад


Сергей Лавров-вазири хориҷаи Русия гуфт, пешниҳодҳои нави ҳастаии Эрон дорои маводест, ки бо он бояд кор кард. Вай аз қудратҳои ҷаҳонӣ хост, ки ба ин пешниҳодҳо ҷавоби муштарак диҳанд. Лавров дар посухи худ ба бастаи пешниҳодҳои нави Эрон гуфтааст, дар ин баста нукоте ҳаст, ки мешавад ба он таваҷҷуҳ кард. Вай бори дагар мухолифати Русия ба истифодаи таҳримҳо алайҳи Эронро таъкид кард. Имрӯз намояндагони Амрикову Русия, Чину Британия ва Фаронсаву Олмон роҷеъ ба пешниҳодҳои Эрон бо ҳам конфронси телефонӣ анҷом медиҳанд.
XS
SM
MD
LG