Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон: Ифшои тақаллубкориҳо дар интихобот


Комиссияи вижаи арзу шикоятҳои Афғонистон, ки бо ибтикори СММ таъсис шудааст, баргаҳои раъйдиҳии 83 қитьаи интихоботиро беэътибор эълон кард.

Таъкид мешавад, ки ҳамаи ин қитьахо дар минтақаҳое ҷойгиранд, ки пуштибонии раисиҷумҳури кунунии Афғонистон Ҳомид карзай онҷо бениҳоят зиёд аст.

Комиссияи арзу шикояти Афғонистон, ки бо таҳқиқи дастикам 500 иттиҳом дар қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихоботи раёсатҷумҳурй машғул аст, дирӯз бо судури нахустин қарораш амр кардааст, ки ҳамаи баргаҳои беэътибор бояд аз натиҷаҳои ниҳоӣ ихтисор шаванд.

Баргаҳои 51 қитъаи интихоботии вилояти Қандаҳор, 27 қитъаи Ғазнӣ ва 5 қитъаи Пактиё бекор карда мешаванд. Дар ҳамаи ин вилоятҳо асосан пуштунҳо ба сар мебаранд ва коршиносон пирӯзии Ҳомид Карзайро дар ин манотиқ пешгӯӣ мекарданд ...
Гуфта мешавад, ки баргаҳои 51 қитьаи интихоботии вилояти Қандаҳор, 27 қитьаи Ғазнӣ ва 5 қитьаи вилояти Пактиё бекор карда мешаванд. Дар ҳамаи ин вилоятҳо асосан пуштунҳо ба сар мебаранд ва коршиносон пирӯзии Ҳомид Карзайро дар ин манотиқ пешгӯӣ мекарданд.

Тибқи натиҷаҳои муқаддамотӣ, Карзай беш аз 50 дарсади райъҳои интихобкунандагонро касб кардааст ва аммо дар сурати аз сӯи комиссияи мустакили интихоботӣ бекор шудани теьдоди бузурги баргаҳои раьй шояд нишондоди Карзай аз 50 дарсад камтар шавад ва дар ин ҳол даври дуввуми интихобот миёни Карзай ва рақиби аслиаш собиқ вазири корҳои хориҷӣ Абдулло Абдулло баргузор хоҳад шуд.

Мардуми Афғонистон натиҷаҳои ниҳоии интихоботи 20 августро дар ҳоле интизоранд, ки аз оғози ҷанги эътилофи байнулмилалӣ ва Амрико бо шабакаи Ал-Қоида ва Толибон дар Афғонистон қариб 8 сол сипарӣ мешавад.

Ин ҷанг бо терроризми саросарӣ дар посух ба ҳамлаи террористии рӯзи 11 сентябри соли 2001 ба шаҳрҳои Амрико оғоз шуд. Ба иттилои расмӣ, хашт сол қабл 19 террорист аз шабакаи Ал-Қоида 4 ҳавопаймои мусофирбарро рабуда ҳамлаҳои интиҳорӣ анҷом доданд.

Террористон дуто аз ин ҳавопайморо дар биноҳои Маркази ҷаҳонии тичорат дар Ню Йорк мунфаҷир карданд. Ҳавопаймои севвум ба бинои вазорати дифои Амрико Пентагон бархурд ва ҳавопаймои чаҳорум дар аёлати Пенсилвания, дар як минтақаи камаҳолӣ суқут кард. Ҳадафи террористон дар ҳавопаймои чаҳорум Кохи сафед буд, аммо мусофирон ва халабонон ба террористон муқовимат нишон доданд ва дар натиҷа ҳавопаймо суқут намуд.

Тибқи тахминҳо, дар натиҷаи ин ҳамлаи террористӣ наздик ба 3 ҳазор нафар ба ҳалокат расид ва хасароти молӣ миллиардҳо долларро ташкил дод. Дар посух ба ин ҳамла Амрико ҷанг алайҳи терроризмро эълон кард ва кӯшиш кард, тарроҳони ҳамларо ҷазо диҳад.

Дар чаҳорчуби ҷанг алайҳи терроризм режими Толибон дар Афғонистон ва режими Саддом Ҳусайн дар Ироқ сарнагун карда шуд. Аммо низомиён ва кормандони хадамоти кашфи Амрико раҳбари Ал-Қоида Усома Бен Лодинро дар Афғонистон пайдо карда натавонистанд. Гуфта мешавад, ки Бен Лодин дар минтақаҳои кӯҳии Покистон дар наздикии марз бо Афғонистон паноҳ бурда аз онҷо раҳбарияти шабакаро анҷом медиҳад.

Ҳар сол 11-уми сентябр дар тамоми нуқоти Амрико ин рӯзи талхро ёдовар мешаванд ва маросимҳои ёдбуди қурбониҳои ҳамлаҳоро доир мекунанд. Дар маросими ёдбуди имрӯза раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ширкат хоҳад кард. Интизор меравад, ки имруз у аз макони собиқ маркази тиҷорати ҷаҳонӣ боздид карда, дар маросими ёдбуди қурбониҳои ҳамлаҳо суханронӣ кунад.
XS
SM
MD
LG