Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷеае, ки ҷаҳонро тағйир дод


Замоне дар ин кӯчаи шаҳри Ню Йорк ду бинои осмонбӯси Маркази ҷаҳонии тиҷорат қомат афрохта буд
Замоне дар ин кӯчаи шаҳри Ню Йорк ду бинои осмонбӯси Маркази ҷаҳонии тиҷорат қомат афрохта буд

Имрӯз дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар кишварҳои ҷаҳон аз қурбониёни ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001 ёд мекунанд.

Маросими ёдбуди қурбониёни ин ҳодиса дар Ню Йорк баргузор мешавад, ки ду бинои Маркази ҷаҳонии тиҷорат дар ин шаҳр мавриди ҳамлаи нахустин қарор гирифта буд.

Қарор аст дар маросими ёдбуд ҳазорон нафар наздикони қурбониён ва сокинони Амрико ширкат кунанд. Дар ин маросим раисиҷумҳури Амрико Барак Обама суханронӣ хоҳад кард.

Ёздаҳуми сентябри соли 2001 гурӯҳи даҳшатафканон, ки ба шабакаи террористии «Ал-Қоида» нисбат дода мешаванд, чаҳор ҳавопаймои мусофирбарро рабуданд ва ду ҳавопайморо ба биноҳои осмонбӯси Маркази ҷаҳонии тиҷорат заданд. Яки дигар ба Вазорати дифои ИМА дар каронаи шаҳри Вошингтон бархурд.

Ҳавопаймои чорум дар яке аз даштҳои Пенсилвониё сарнагун шуд ва чунин бовар вуҷуд дорад, ки дар ҳавопаймо миёни рабояндагон ва мусофирон задухӯрд ба амал омадааст.

Бар асари ҳамлаҳои ёздаҳуми сентябри соли 2001 наздик ба 3 ҳазор нафар аз 80 кишвар ба ҳалокат расид. Ин рӯйдодҳо вазъи дунёро ба куллӣ дигаргун кард ва ба ҷанги ҷаҳонии зидди ваҳшатафканӣ оғоз ниҳод.
XS
SM
MD
LG