Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

GM Opel-ро ба Маgna хоҳад фурӯхт


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел имрӯз тасдиқ кард, ки ширкати амрикоии General Motors ширкати мошинсозиаш дар Аврупо Opel-ро ба ширкати канадоиву австриёии Маgna хоҳад фурӯхт: "GM тасмим гирифт Опелро тибқи шароите, ки қаблан рӯяш музокирот шуда буд, ба Маgna бифурӯшад ва давлати Олмон аз ин тасмим истиқбол мекунад.”
Маgna ҳамроҳ бо Сбербанки Русия дар муқобили як сандуқи сармоягузории Белгия барои харидории Opel вориди рақобат шуда буд. Тасмими фурӯши Opel дар ҳоле эълон мешавад, ки мудирияти General Motors дар ин авохир дигар чандон моили фурӯхтани ин бахши аврупоияш набуд.
XS
SM
MD
LG