Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози амалиёти "Марзи ватан" дар марзҳои минтақа


Нирӯҳои марзбони Русия ва 4 кишвари Осиёи Марказӣ ба амалиёти муштараке бо номи “Марзи ватан” оғоз кардаанд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва муҳоирати ғайриқонунӣ роҳандозӣ шудааст. Ситоди марказии амалиёт дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон будааст.
Як манбаъ дар нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки қаблан ҳам чунин амалиёти муштарак доир шуда буд, вале ба иллати аз қабл эълон шуданаш натиҷаи матлуб ба бор наовард.
XS
SM
MD
LG