Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони рус дар хоки Белорус


Дар шаҳри Минск гирдиҳамоии эътирозии аҳзоби мухолифи ҳукумат алайҳи ширкати низомиёни рус дар тамринҳои «Запад-2009» баргузор шуд. Дар ин намоиш тақрибан 20 нафар бо шиорҳои «Русҳо ба хона баргардед». «Дар Белорус барои низомиёни рус ҷой нест» ширкат доштанд. Чанд нафар, аз ҷумла, муовини раиси Ҳизби ҷабҳаи мардумии Белорус Виктор Ивашкевич аз сӯи хадамоти амниятй боздошт шуданд. Тамринҳои низомиёни Русияву Белорус рӯзи сешанбе шурӯъ шуда, ва то 29 сентябр идома хоҳад кард. Ба ин тамринҳо вазири дифоъи Белорус ва сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия раҳбарй мекунанд. Барои машқҳои низомии ду кишвар беш аз 12 ҳазор афсару сарбоз, тақрибан 40 ҳавопаймои низомй ва 200 танку зиреҳпӯшҳо сафарбар шудаанд.
XS
SM
MD
LG