Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сирри сарбастаи бомбгузориҳои Русия


Даҳ сол пеш, силсилаи таркишҳо дар Русия беш аз 300 нафарро кушта, манзараи сиёсии ин кишварро тағйир дод, аммо асрори он боз нашуд.

Даҳ сол пеш дар рӯзи нӯҳуми сентябр аксари сокинони як манзили истиқоматии Маскав хоб буданд, ки инфиҷори қавие он хонаро вайрон кард ва 94 нафар куштаву 250 маҷрӯҳ бар ҷой гузошт.
Ҳатто дар фарзияҳои худи ФСБ доир ба ҳодисаҳо, ки замина барои ҷанги дуввум дар Чеченистон шуд, дар воқеъ ягон нафар чеченро муттаҳам накардааст...

Шасту чаҳор нафари дигар панҷ рӯз пештар аз ин, дар шаҳри Буйнакск бар бомбгузории шабеҳе ҷон доданд. Ба ин занҷир ду ҳалқаи дигар яке дар Маскав ва дигар дар шаҳри Волгадонск пайваст ва 130 нафари дигарро кушт. Русия дар чаҳор бомбгузорӣ бештар аз 300 нафарро талаф дод.

Ин ҳама мардуми Русияро ваҳшатзада кард, ки кишварашон бар сари ёфтани ҷойгузин барои Борис Елтсин - раиси ҷумҳури бемор, гирифтори кашмакашҳои сиёсии дохилӣ буд.

Мақомоти расмӣ зуд ҷудоихоҳони чеченро гунаҳкори бомбгузориҳо номиданд ва Владимир Путин, вориси Елтсин ваъда дод, ки ҷудоихоҳони чеченро дар ҳар куҷое ки пинҳон нашаванд, маҳв хоҳад кард: “Агар дар фурудгоҳ бошанд, онҳоро дар ҳамонҷо мекушем, ва маъзарат мехоҳам, агар дар ҳоҷатхона пайдояшон кунем, дар ҳамон ҷо нобудашон хоҳем кард. “

Ин баёния ҷомеаи аз бесарусомониҳои иқтисодӣ безоршудаи Русияро дар атрофи Путин муттаҳид кард ва ӯ баъди чанде ҷанги дуввум дар Чеченистонро оғоз намуд. Владимир Прибиловский таҳлилгари сиёсии Русия мегӯяд, ҳамин бомбгузориҳо ва ваъдаи маҳви терористон Путини ношиносро як моҳ баъд ба курсии раиси ҷумҳури Русия расонд.

Сарвазир Путин ва президент Елтсин, 16 сентябри соли 1999.
Владимир Путинеро, ки баъди ҳашт соли раёсати ҷумҳурӣ ҳоло нахуствазири маҳбуб дар Русия аст. Барои он бомбгузориҳои соли 1999 шаш нафар шаҳрванди мусулмони Русия ҷазо гирифтанд, вале муаммои бомбгузориҳо ҳанӯз ҳам нокушода аст, чаро ки ба гуфтаи иддае аз мунтақидони Кремл, бомбгузорӣ кори дасти ФСБ Хадамоти Федеролии Амнияти Русия буд. Такрори ин иддаъо бисёр хатарнок шуд, зеро ду нафаре, ки ҳамин андешаро доштанд, кушта шуданд ва Михайил Трепашкин, яке дигар аз онҳоро ба зиндони Сибир андохтанд, то ба гуфтаи худаш нагузоранд, ки бомбгузориҳоро таҳқиқ кунад.

Трепашкин – вакили ду хоҳаре, ки модарашон дар бобмгузори Маскав ҳалок шуд, мегӯяд, як рӯз пеш аз муҳокимаи парванда дар додгоҳ, ӯ ба бало гирифтор шуд. Трепашкинро ба гуфтаи худаш, бо парвандаи дурӯғи сохтаи ҳифзи ғайриқонунии силоҳ беш аз чаҳор сол дар шароити сахте, аз ҷумла бо азияту тавҳин дар зиндон нигоҳ доштанд.

Михайил Трепашкин мегӯяд, ба ӯ ваъда доданд, ки агар аз таҳқиқи бомбгузорӣ даст кашад, аз бало халос мешавад. Сарнавишти Александр Литвиненко афсари собиқи КГБ, ки ӯ ҳам мегуфт, бомбгузориҳои Маскав кори дасти ФСБ буд, бадтар аз сарнавишти Трепашкин шуд.

Ӯро се сол пеш дар шаҳри Лондон заҳри қотиле дода, нобуд карданд. Юрий Фелтишинский ҳаммуалифи “Тарконидани Русия” китоби
Александр Литвиненко дар бистари марг, Лондон, 20 ноябри соли 2006
Александр Литвиненко мегӯяд, ҳатто худи ФСБ ҳам дар таҳқиқаш ҳеҷ як чеченро муттаҳам накардааст: “Ҳатто дар фарзияҳои худи ФСБ доир ба ҳодисаҳо, ки замина барои ҷанги дуввум дар Чеченистон шуд, дар воқеъ ягон нафар чеченро муттаҳам накардааст.”

Ба гуфтаи Фелтишинский, Владимир Путин, ки соли 1999 раҳбари ФСБ буд, бояд аз тарҳи бомбгузориҳо хабардор бошад. Ба гуфтаи мунтақидон дар ҳамон вақт тамоми харобаҳои биноҳоро зуд аз байн бурданд, то таҳқиқи дуруст сурат нагирад. Гузашта аз ин ҳеҷ як гурӯҳи ҷудоихоҳони чечен ҳам масъулияти бомбгузориҳоро бар ӯҳда нагирифт.

Як саҳнаи асроромезе, ки баъди бомбгузориҳо мардуми Русияро гиҷ кард, эъломи ФСБ доир ба мошини шубҳаангези ҳомили маводи мунфаҷираи омодаи таркиш дар шаҳри Рязан буд. Ҳарчанд мақомоти пулис баъди кашфи ин мошин гуфтанд, ки дар он гексоген моддаи хатарноки таркандаи истифодашуда дар бомбгузориҳо будааст, аммо Николай Патрушев - мудири ФСБ, дар телевизион зоҳир шуд ва гуфт, дар мошин халтаҳои шакар буд.

Гузоштани мошини шубҳанок ҳам ба гуфтаи вай, саҳнасозие буд, барои озмоиши ҳушёрии мардум.

Ба эътиқоди Михайил Трепашкин ва ҳамфикрони ӯ, гиҷ шудани худи мақомот ва он ҳодиса дурӯғ будани саҳнасозӣ ва он воқеъиятиро нишон дод, ки ФСБ мехост ин биноро ҳам тарконад. Баъди сарпечии мақомот аз таҳқиқи ин ҳодиса, гурӯҳи хурде аз вакилони дигарандеши Думаи Давлатӣ кумиссиёни мустақиле таъсис доданд, вале Сергей Юшенков - муовини раиси кумиссиён соли 2003 дар назди хонааш дар шаҳри Маскав кушта шуд.

Таркиш дар кӯчаи Гурянови Маскав, 10 сентябри соли 1999
Вай пеш аз маргаш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ёфтаҳои онҳо нишон медиҳад, ки хадамоти амниятӣ дар бомбгузориҳо даст доранд. Ба гуфтаи вай, ин хадамоти дорои салоҳияту имконоти азим метавонистанд, барои дасткории афкори умуми ҷомеаи Русия, аз шеваҳои ғайриқонунӣ истифода кунанд.

Имрӯз бисёриҳо бовар надоранд, ки муаммои бомбгузориҳои соли 1999 дар Русия ишфо хоҳад шуд. Аммо Татяна ва Алёна Морозоваҳо, ду хоҳаре, ки Михайил Трепашкинро вакил киро кардаанд, бо нашри номаи саркушодае ба унвони Дмитрий Медведев гуфтанд, онҳо “ба ин натиҷа расидаанд, ки модару ҳамсояҳои онҳо барои ҳадафҳои сиёсӣ қурбон шудаанд. Танҳо чизе ки андешаи онҳоро метавонад тағйир диҳад, таҳқиқи бетарафонаи он ҳодисаҳои хунин аст. “
XS
SM
MD
LG