Ангела Меркел-нахуствазири Олмон имрӯз қавл дод, ки ба ҳамлаи ҳавоии фоҷеабори нируҳои НАТО дар Афғонистон, ки бо дастури фармондеҳи олмонӣ анҷом гирифтааст, комилан рӯшанӣ хоҳад андохт. Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ки ҳамла ба ду мошини ҳомили маводи сӯхт, ки Толибон рабуда буданд, дастикам, 54 кушта бар ҷой гузоштааст ва дар миёни онҳо ғайринизомиён низ ҳастанд. Хонум Меркел имрӯз дар порламони Олмон аз марги афрод изҳори таассуф кард ва гуфт, "куштори ҳатто як бегуноҳ зоеаи бузург" аст:
"Ман амиқан изҳори таассуф мекунам, ки одамони бегуноҳ захмӣ мешаванд ё кушта мешаванд, ба вижа агар он натиҷаи фаъолияти Олмон бошад".
Олмон барои судури дастури ин ҳамлаи ҳавоӣ ва ин идао, ки дар миёни кушташудагон танҳо тундравҳо будаанд, ба интиқод рӯ ба рӯ шудаст.