Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон: "Тоҷикистон барқи арзон содир хоҳад кард"


Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба Ҷашни Истиқлол гуфт, агар барои аксари ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ истиқлол нисбатан ба осонӣ муяссар гардида бошад, барои Тоҷикистон расидан ба он ниҳоят гарон афтод.

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, бархӯрди манфиатҳои доираҳои гуногуни дохиливу хориҷӣ, ки асосан аз беруни кишвар идора мешудаанд, оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд.

Президенти Тоҷикистон гуфтааст, истиқлоли давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум буданд.

Президент гуфтааст, фарҳангу маънавиёти гузаштагон, ки дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ нақши амиқе гузоштааст, бояд дар замони истиқлол низ ба хотири рушди тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ояндаи боэътимоди кишвар ба ҷомеа нерӯи тоза бахшанд.

Дар суханронии Эмомалӣ Раҳмон омадааст, бо эълон кардани Соли бузургдошти Имоми Аъзам имсол дар роҳи таҳкими ваҳдати ҷомеа боз як қадами бисёр ҷиддӣ гузошта шуд.

Чунки «мазҳаби таҳаммулпазири ин абармарди миллати мо пайравони худ ва инсониятро ба сулҳу дӯстӣ, ваҳдату сарҷамъӣ, ҳусни муомилаву муошират ва эҷоди низоми одилонаву оқилонаи муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву мазҳабӣ, аз ҷумла гуфтугӯи тамаддунҳо ҳидоят менамояд».

Президент ҳамчунин гуфтааст, Тоҷикистон имрӯз мисли бисёр кишварҳои сайёра таҳти таъсири таҳаввулоти бузурги иқтисодӣ ва дар айни замон бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ қарор дорад. Ӯ гуфтааст, ин омил кишварро водор мекунад, ки боз ҳам бештар ба сиёсати иқтисодии ҷавобгӯи манфиатҳои миллӣ рӯ оварда, ҳадафҳои стратегии давлати худро дар робита ба таъмини истиқлоли энержӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории он зина ба зина амалӣ созад

Ба гуфтаи президент, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба кишвари содиркунандаи нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ бехатар ва қаламрави транзитӣ табдил ёфта, тадриҷан дар сохтори муносибатҳои иқтисоди ҷаҳонӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намояд.

Президенти Тоҷикистон дар бастагӣ ба сиёсати дарҳои бози кишвар гуфтааст, дар ин чаҳорчӯб равобити Тоҷикистон бо давлатҳои гуногуни Шарқу Ғарб вусъати бесобиқа ёфта, нуфуз ва мақоми кишвари мо дар ҷаҳони муосир мавриди эътирофи ҳамагон қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG