Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 7 нафар бар асари ду таркиш дар Ироқ


Бар асари таркишҳо дар шаҳрҳои Бақуба ва Карбалои Ироқ рӯзи душанбе дасти кам 7 нафар кушта шуда. 27 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар Бақуба як маргталаб худро дар даромадгоҳи масҷиди шиаҳо дар ҳоле инфиҷор кард, ки муҳофизон ба вуруди ӯ монеъ шуданд. Дар ин ҳодиса се нафар ба ҳалокат расиданд. Дар канори шаҳри Карбало бошад, инфиҷор дар як автобуси хурд мунҷар ба ҳалокати 4 нафар гардид.
XS
SM
MD
LG