Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Аврупо аз ояндаи Афғонистон


Дар ҳоле ки шикоятҳо аз тақаллуб дар интихобот афзоиш меёбанд, кишварҳои калидии Аврупо ба баррасии ҷиддии ояндаи Афғонистон даъват кардаанд.

Британия, Олмон ва Фаронса мушатаркан ба баргузории анҷумане таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид даъват карданд, ки дар он нақшаи интиқоли масъулияти бештари амниятӣ бар дӯши мақомоти Афғонистон омода шавад.
Коршиносон мегӯянд, вазъ ба нуқтае расидааст, ки эҳтимоли ризоияти ҷиноҳҳои рақиб ба тақсими қудрат боқӣ намондааст...

Садри аъзами Олмон, Ангела Меркел ва сарвазири Британия, Гордон Браун ин ташаббусро дар нишасти хабарие рӯзи якшанбе дар Берлин эълон карданд ва гуфтанд, онро якҷоя бо президенти Фаронса, Николас Саркозӣ пеш хоҳанд бурд.

Ин се кишвар пас аз Иёлоти Муттаҳида бузургтарин таъминкунандагони нерӯ дар ҷанги Афғонистонанд. Шумораи умумии сарбозони онҳо дар ҳайати Нерӯҳои байнулмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон 17 000 нафарро ташкил медиҳад.

Ва ҳарсе кишвар ба фишори интихобкунандагони нохушнуд рӯбарӯянд, ки ба таври рӯзафзун ҷанги ҳаштсолаи зидди Толибон дар Афғонистонро зери суол мебаранд.

Хонуми Меркел гуфт, Аврупо афғонҳоро ҳушдор додааст, омода бошанд, ки ба зудӣ масъулияти кишварашонро бар дӯши худ хоҳанд гирифт.

"Нақшаи мо дар ин давраи гузор омода кардани ҳукумати Афғонистон ба қабули масъулиятҳои афзоянда аст. Мо дар таълим ва бозсозии зербинои мулкӣ кӯмак мекунем, вале набояд сохтори устувори амниятӣ аз мадди назар дур бимонад. Мо бояд дар ин ришта қотеъона пеш равем ва афғонҳо бояд масъулияти бештари амнияти худро бар дӯш бигиранд. Он гоҳ дахолати байнулмилалӣ метавонад коҳиш ёбад."

Изҳороти Меркел дар ҳоле садо медиҳад, ки вай барои пирӯзӣ дар интихоботи поёни ин моҳ худро таблиғ мекунад ва ин ҳам дар ҳоле ки тибқи назарсанҷиҳо аз се ду ҳиссаи олмониҳо ба ширкати кишварашон дар ҷанги Афғонистон мухолифанд.

Сарвазир Браун, ки 9 000 сарбози кишвараш дар манотиқи ошӯбзадаи ҷануби Афғонистон дар ҳоли ҷанганд, ҳамчунин ба мухолифати бештари интихобкунандагон рӯбарӯ мешавад.

Вай гуфт, анҷуман метавонад, дар чанд ҳафтаи оянда баргузор шавад ва муҳимтарин масъалаҳои Афғонистонро ҳал кунад: "Анҷумани байнулмилалӣ, анҷумани сатҳи баланд, ки мо дар робита ба Афғонистон пешниҳод мекунем, бояд то поёни сол баргузор шавад ва ба масъалаҳое монанди амният, ҳукумат ва рушд дахл кунад."

Меркел ва Браун гуфтанд, анҷумани пешниҳодӣ бо ширкати ҳукумати нави пасоинтихоботии Афғонистон, Иёлоти Муттаҳида, НАТО ва кишварҳое, ки ба талошҳои Паймони Атлантики Шимолӣ мусоидат мекунанд, ҷараён хоҳад гирифт.

Иёлоти Муттаҳида ва Афғонистон ҳанӯз ба ин пешниҳоди Аврупо вокуниш накардаанд.

Аммо зуҳури ҳукумати қобили давоми Афғонистон ҳарчӣ бештар зери шубҳа аст ва ин ҳол сиёсатгузорони ғарбиро бо суолҳои сангине мувоҷеҳ кардааст.

Ҳарчанд раисиҷумҳури феълӣ, Ҳомид Карзай тибқи шумориши раъйҳо пешсаф аст, пирӯзии эҳтимолии ӯ бо шикоятҳои тақаллуби густарда доғдор шудааст, ки ба осонӣ "шуста" намешавад.

Рӯзи 6-уми сентябр, Довудалии Наҷафӣ, мақоми аршади Кумиссюни интихоботии Афғонистон, гуфт, ин кумиссюн пас аз тафтиши шикоятҳои тақаллуб натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар 447 ҳавзаро бекор кард. Ҳамагӣ дар Афғонистон наздик ба 28 ҳавзаи интихоботӣ мавҷуд аст.

Коршиносон мегӯянд, вазъ ба нуқтае расидааст, ки эҳтимоли ризоияти ҷиноҳҳои рақиб ба тақсими қудрат боқӣ намондааст, зеро мухолифони асосии Карзай имкони чунин мусолиҳаро расман рад карданд. Ҳукумати Карзай низ роғиби мусолиҳае таҳти сарпарастии хориҷиён нест.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Афғонистон ҳама гуна эҳтимоли мудохилаи берунаро ба ҳалли мушкили интихобот рад кард. Ва худи Карзай дар мусоҳиба бо рӯзномаи фаронсавии "Фигаро" бозтоби интихоботи кишварашро дар расонаҳои ҳамагонии Ғарб шадидан интиқод кард.

Ин расонаҳо мегӯянд, дар Афғонистон бӯҳрони ҳарбӣ бо бӯҳрони дигар, бӯҳрони сиёсӣ, омезиш ёфта, сиёсатмадорони Ғарбро ба имтиҳони сахте кашидааст.
XS
SM
MD
LG