Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонум Патил хостори мубориза бо терроризм шуд


Хонум Пратибҳа Патил-раиси ҷумҳури Ҳиндустон, ки машғули боздид аз Тоҷикистон аст, аз ин кишвар хост, ки дар мубориза бар зидди терроризм аз Ҳиндустон ҳимоят кунад. Вай ин нуктаро баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе изҳор дошт. Хонум Патил гуфт, террорзим ба амнияти минтақа, чӣ ба амнияти Ҳиндустон, чӣ ба амнияти Афғонистон ва чӣ ба Тоҷикистон таҳдид мекунад. Мумбай яке аз шаҳрҳои бузурги Ҳиндустон соли гузашта аз аъмоли терористони минтақа осеб дида буд.
XS
SM
MD
LG