Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Меркел ва Браун оид ба конфаронси Афғонистон


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва сарвазири Бритониё Гордон Браун дар як нишасти хабарӣ дар Берлин хостори то охири соли равон доир кардани конфаронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба Афғонистон шуданд. Ба гуфтаи хонум Меркел, бояд ба ҳукумати Афғонистон барои мустақил будан ва пурсамар ҳал кардани масоили марбут ба амният ва идораи давлатӣ кумак кард. Рӯзи ҷумъа намояндаи СММ изҳор намуд, ки имкони аввалҳои соли 2010 доир кардани нишасти сарони давлатҳо оид ба Афғонистон баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG