Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Ҷӣ20 ба идомаи барномаҳои имдодӣ


Вазирони молияи кишварҳои сарватманд ва дар ҳоли рушд аз гурӯҳи Ҷӣ20 дар нишасти дирӯза дар Лондон тавофуқ карданд, ки бо вуҷуди аломатҳои рӯ ба эҳё овардани иқтисод, кӯмакҳои молӣ ба иқтисодҳои худро ҳифз кунанд.
Гурӯҳи Ҷӣ20 ваъда дод, барномаҳои имдодие, чун хароҷоти изофии давлатӣ ва ҳифзи фоизи ками эътибори бонкиро то замони тазмини эҳёи иқтисод идома диҳад.
Сандуқи байналмилалии пул гуфтааст, иқтисоди ҷаҳонӣ аз марҳалаи пасрафти аз замони ҷанги дуввуми ҷаҳон ба ин тараф бадтарин берун шуда, ба кундӣ рӯ ба эҳё меорад. Аммо ин ниҳод мизони пасрафти имсолаи иқтисоди ҷаҳониро ҳамчунон беш аз 1 дарсад пешбинӣ мекунад.
Ҷӣ20 кишварҳои аз лиҳози саноатӣ пешрафтаи ҷаҳон ва ҳамин тавр, иқтисодҳои дар ҳоли рушд, ба мисли Чину Ҳинд, Бразилияву Русия ва Туркияро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG