Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисиҷумҳури Ҳинд имрӯз ба Душанбе меояд


Имрӯз раисиҷумҳури Ҳинд Пратибҳа Патил сафари серӯзааш ба Тоҷикистонро оғоз мекунад. Хонум Патил дар пайи анҷоми дидораш аз Русия вориди Душанбе мешавад. Қарор аст, раисиҷумҳури Ҳинд тайи ин дидор, ки нахустин сафари расмии ӯ ба Осиёи Марказист, бо раҳбарони аввали Тоҷикистон ва ҳамин тавр бо ҳиндуҳое, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, мулоқот кунад. Хонум Патил тайи ин сафар дар ҷашнҳои Рӯзи истиқлолият ширкат варзида, ба Кӯлоб низ сафар мекунад.
Аммо зимни ин сафар имзои асноди ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ҳинд дар назар набудааст. Раисиҷумҳур дар низоми давлатии Ҳинд мақоми бештар ифтихорист ва қудрати амалӣ аслан дар дасти сарвазири он кишвар мунсаҷим шудааст.
XS
SM
MD
LG