Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳқосимов аз ҳалл шудани масоили марзӣ хабар дод


Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоҳисломов дар як нишаст гуфтааст, ки куллия масоили марзӣ байни Душанбеву Тошканд ҳалл шудаанд ва ба зудӣ дар иҷлосияи навбатии кумиссиюни байнидавлатии ҳамкориҳои ду кишвар дар ин замина як созишнома низ имзо хоҳад шуд. Бино ба гузориши Бӣ Бӣ Сӣ, Шоҳисломов аз расонаҳои бавижа Русия интиқод кардааст, ки бархеаш мехоҳад ба равобити Тоҷикистону Узбакистон халал ворид кунад. Сафири Узбакистон дар ин нишаст ҳамчунин аз наздик шудани мавзеъҳои ду кишвар дар масоили энержӣ сӯҳбат кардааст. Муовини сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон аммо дар ин нишаст мӯҳтотона гуфтааст, ки Душанбеву Тошканд аз тамоми зарфиятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ истифода намекунанд.
XS
SM
MD
LG