Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори таассуфи ИА аз ҳамлаи Кундуз


Вузарои хориҷаи ИА дар нишасти Стокҳолм дар бораи ҳалокати афроди ғайринизомӣ бар асари ҳамлаи ҳавоии НАТО алайҳи мошинҳои аз сӯи Толибон тасарруфшудаи маводи сӯхт дар вилояти Кундузи Афғонистон изҳори таассуф карданд. Бернар Кушнер, вазири умури хориҷии Фаронса, ин ҳамларо, ки ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, то 90 кушта ба ҷо гузошт, “иштибоҳи бузург” номид ва афзуд, ки он бояд таҳқиқ шавад. Куммисари равобити берунаи ИА Бенита Ферреро-Волднер ин ҳодисаро “як фоҷиаи хеле в хеле бузург” унвон кард. Кохи Сафед низ қаблан аз ҳамлаи субҳи ҷумъа дар Кундуз изҳори “нигарони зиёд” карда буд. Кобул ҳадаф қарор додани афроди ғайринизомиро ғайриқобилиқабул номид ва аз эъзоми як ҳайъати муфаттишон ба Кундуз хабар дод. НАТО низ тааҳҳуд супурда, ки қазияро таҳқиқ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG