Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рашид Раҳимов сармураббии "Амкар" шуд


Дастпарвари футболи тоҷик Рашид Раҳимов сармураббии тими футболи “Амкар”-и шаҳри Перми Русия таъйин шуд. “Амкар” феълан бо 18 имтиёз аз 20 бозӣ дар мусобиқоти лигаи олии қаҳрамонии футболи Русия дар байни 16 тим дар мақоми пойини 13-ум қарор дорад ва маъмурияти тим умедвор аст, ки бозгашти Рашид Раҳимов “Амкар”-ро аз варта наҷот хоҳад дод. Раҳимов аз моҳи сентябри соли 2006 то поёни соли 2007 сармураббии “Амкар” буд, вале баъдан ба тими “Локомотив”-и Маскав гузашт ва то апрели имсол сармурабии ин тими маъруф буд.
Рашид Раҳимов дар тимҳои “Помир”-и Душанбе, “Спартак”-и Маскав, “Валядолид”-и Испания ва баъдан дар чанд тими футболи Австрия бозӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG