Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисиҷумҳури Ҳинд бо ҳамтои русаш мулоқот кард


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев имрӯз дар Маскав бо ҳамтои ҳиндиаш Пратибҳа Патил мулоқот кард. Хонум Патил, ки сафари чоррӯзааш ба Русияро дирӯз оғоз кард, ҳамчунон бо сарвазири Русия Владимир Путин мулоқот хоҳад кард. Ба дунболи анҷоми сафараш ба Русия, Пратибҳа Патил рӯзи 6 сенятбр бо як дидори серӯза ба Тоҷикистон хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG