Вай дар вазни то 54 кг бо Ҷитендер Кумар, аз Ҳиндустон, рақобат кард. Дар раунди 3-юм Кумар аз майдон хориҷ шуд ва муштзани тоҷик ғолиб гашт. Анвар Юнусов дар даври дуввум 5-уми сентябр бо Чатчай Бутди (Тайланд) қувваозмоӣ хоҳад кард.
Вале дар рӯзи дуввуми мусобиқа ду муштзани дигари тоҷик шикаст хӯрданд. Баҳодур Каримов дар вазни то 60 кг аз Эрик Донован, аз Ирландия, аз рӯи холҳо бо ҳисоби 4:13 мағлуб шуд. Ҷасур Қурбонов дар вазни то 75 кг қувваозмоиро ба варзишгари Сербия Никола Ҷованович бо ҳисоби 10:16 бой дод.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали мусобиқа муштзани тоҷик Ораз Авзалшоев дар нахустин қувваозмоӣ аз намояндаи Покистон Муҳаммад Вассим аз рӯи холҳо бо ҳисоби 7:13 мағлуб шуда буд.
Дар рӯзи сеюми мусобиқа -3-юми сентябр - ду муштзани дигари тоҷик ба сабқат шурӯъ мекунанд. Ҷаҳонгир Убайдуллоев дар вазни то 69 кг бо Бруно Бонконго (Ҷумҳурии Африқои Марказӣ) ва Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кг бо Борут Слапник, аз Словения, зӯрозмоӣ хоҳанд кард.
Рӯзи чаҳоруми мусобиқа – 4-уми сентябр - Мададӣ Нағзибеков дар вазни то 64 кг бо муштзани Того Тонде Сароуна қувва меозмояд.
Қаҳрамонҳои ҷадиди бокси ҷаҳон дар сабқати ниҳоӣ аз рӯи 11 вазн 12-уми сентябр муайян хоҳанд шуд.