Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воронин-раиси ҷумҳури Молдова истеъфо медиҳад


Владимир Воронин-раиси ҷумҳури Молдова эълон кард, ки вай баъд аз 8 соли раёсат аз мақомаш истеъфо медиҳад. Дар як изҳороте, ки дар сомонаи ҳизбии вай ба чоп расидааст, Воронин мегӯяд, ки "вай ба нақша нагирифтааст, ки дар марҳалаи барои кишвараш бӯҳронӣ дар ин мақоми баҳсбарангез ба унвони раиси ҷумҳури оянда боқӣ бимонад". Истеъфои Воронин дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳизбҳои ғарбгаро дар интихоботи порлмонии моҳи июл аксари курсиҳоро дар порламон соҳиб шуданд. Қарор аст, Миҳай Жимпу-раиси порлмон ва раҳбари либералҳо то интихоби раиси ҷумҳури нав масъулияти раёсати ҷумҳуриро бар ӯҳда бигирад.
XS
SM
MD
LG