Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Имрӯз" ба мавҷ баромад


Наздик ба шоми рӯзи дуюми сентябр радиои «Имрӯз» аз нав ба мавҷ баромад.

Пахши барномаҳои радиои «Имрӯз», ки азм уваффақтарин радиоиҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон номида мешавад, дар нимаи моҳи август мутаваққиф шуда буд. Масъулони ниҳодҳои мухобиротии давлатӣ мегуфтанд, қатъи пахши «Имрӯз» мушкили сирф фаннӣ мебошад, вале раҳбарони «Имрӯз» мегуфтанд, таҷҳизоти фаннии онҳо навтарин мебошад.

Ба эътиқоди раҳбарони радио, сабаби қатъи пахши барномаҳо эҷоди монеа дар роҳи фаъолияти “Имрӯз” буд, ки афкори мухталифро дар барномаҳои худ бозтоб медиҳад.

Созмонҳои ҳомии матбуот дар Тоҷикистон низ нигаронии худро аз қатъи пахши барномаҳои «Имрӯз» дар баёнияҳо иброз дошта буданд. Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон, Иттиҳодияи расонаҳои мустақил ва Медиа Алянс ин тавқифи пахши барномаҳои "Имрӯз"-ро иқдоми ғайриқобили қабул хонда ва аз тарафҳои дахил дар қазия хоста буданд, то “мушкили мавҷудро дар чаҳорчӯби қонун ва бо канор гузоштани манофеъи хусусӣ, корпоративӣ ва сиёсӣ” ҳал кунанд.
XS
SM
MD
LG