Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қатораи Уинтон" аз Прага ба Лондон раҳсипор шуд


Имрӯз аз шаҳри Прага ба Лондон “қатораи Уинтон” раҳсипор шуд - ин амал ба наҷоти 670 кудаки яҳудӣ аз сӯи шаҳрванди Бритониё Николас Уинтон бахшида мешавад. Уинтон, ки соли 1939 корманди биржа буд, ба интиқоли кудакон аз Прагаи аз сӯи низомиёни ҳитлерӣ ишғолшуда иқдом кард. Қатора ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз оғози ҷанги дуввуми ҷаҳон ба Лондон расид ва кудакон дар хонаводаҳои бритониёҳо паноҳгоҳ ёфтанд. Волидайни аксари онҳо дар контслагерҳои олмонӣ ба ҳалокат расиданд.
Мусофирони феълии “қатораи Уинтон” асосан ҳамон афроди 70 сол қабл наҷотёфта ва пайвандони онҳоянд. Дар Бритониё онҳоро бояд худи Николас Уинтон истиқбол кунад, ки айни ҳол сад сол дорад.
XS
SM
MD
LG