Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Лаҳистон маросимҳои ёдбуд шурӯъ шуданд


Имрӯз дар Лаҳистон маросимҳои ёдбуд бахшида ба 70-умин солгард аз оғози ҷанги дуввуми ҷаҳон шурӯъ шуданд. Маросими ёдбуд дар шаҳри Гланск бо ширкати раҳбарони Лаҳистон бомдоди имрӯз, дар лаҳзаҳое доир шуд, ки ҳафт даҳсола пеш нахустин даргириҳои ҷанги дуввуми ҷаҳон ба вуқӯъ пайвастанд. Имрӯз дар ин шаҳр раҳбарони 20 кишвари аврупоӣ дар як нишасти бахшида ба оғози тулонитарин ҷанги қарни гузашта ширкат хоҳанд кард.
1 сентябри соли 1939 Олмони ҳитлерӣ ба Лаҳистон ҳамла кард. Чанд рӯз баъд ҳампаймонҳои Лаҳистон – Бритониё ва Фаронса ба набардҳо ҳамроҳ шуданд. Ба думболи ин 17 сентябр Иттиҳоди шӯравӣ, тибқи созиши Молотов-Риббентроп, нерӯҳои низомии худро ба минтақаҳои шарқии Лаҳистон – феълан вилоятҳои ғарбии Укроин ва Белорус ворид кард.
XS
SM
MD
LG