Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қодиров аз Орлов 1 миллион рубл хост


Раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров имрӯз ба иҷрои таҳдидаш, ки гуфта буд, аз раҳбари созмони “Мемориал” Олег Орлов барои таҳқири шахси худ ҷуброни молӣ тақозо мекунад, оғоз кард. Қодиров аз Орлов 1 миллион рубли русӣ, муодили 316 000 доллар ҷуброн тақозо кардааст.
Фаъоли ҳуқуқи башар Наталя Эстемирова, ки барои “Мемориал” кор мекард, рӯзи 15 июл дар Чеченистон кушта шуд. Раҳбари ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар Олег Орлов ба дунбол изҳори итминон кард, ки дар паси ин куштор Қодиров истодааст.
Вакили мудофеъи Қодиров Андрей Красненков имрӯз дар додгоҳи Маскав гуфт, Рамазон Қодиров мехоҳад, ток и “Мемориал” ин ҳарфҳояшро пас бигирад ва Орлов барои таҳқири ӯ ҷуброни молӣ бипардозад. Орлов ин додгоҳро ҳамла ба озодии баён унвон кардааст.
XS
SM
MD
LG