Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фараж" ҳафтае ду маротиба нашр хоҳад шуд


Ахиран дар Душанбе нашри вижаи ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии “Фараж” ба бозор даромад. Ба фарқ аз соъири нашрияҳои чопи Душанбе, ки маъмулан рӯзҳои панҷшанбе ва ба сурати ҳафтагӣ нашр мешаванд, “Фараж” баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ нахустин расонае дар Тоҷикистон шуд, ки ҳафтае ду маротиба нашр хоҳад шуд. Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири “Фараж” гуфт, ин тасмим ба хотири як андоза пур кардани халоъи иттилоотӣ дар кишвар гирифта шуда, дар оянда онҳо дар андешаи рӯи кор овардани як рӯзнома низ ҳастанд, ки ҳар рӯз нашр шавад, вале дар ин амр ба кӯмаки молӣ ниёз доранд.
XS
SM
MD
LG